Skip to main content

ИЗҲОРОТИ "КЮНЕТ" ДАР БОРАИ БАРНОМАҲОИ ЗИДДИ ИН ШИРКАТ

News   •   Jun 24, 2014 18:30 +08

Ширкати QNET (Кюнет) зимни як изҳороти расмӣ  тадбирҳои мубориза зидди пирамидаҳои молиявиро пуштибонӣ карда,  суистифода аз озодии суханро нораво хонд.

Дар ин изҳорот, ки дастраси TojNews шуд, Тим Гарни (Tim Harney), ҳуқуқшиноси аршади ширкат гуфтааст: -Дар барномаҳои радиоие, ки рӯзҳои 1 ва 2-ми июни соли 2014 дар радиои хусусии "Имрӯз" садо доданд, ба таври якҷониба изҳороти тезутунд дар бораи QNET, маҳсулоти он ва намояндагони мустақилаш пахш шуд ва ин гуна тасаввур ҳосил мешавад, ки ин барнома қаблан бо мақсади ғаразнок тарҳрезӣ шудааст.

QNET, чун ширкати фурӯшҳои мустақил куллан дарк мекунад, ки баъзе одамон дар бораи ин навъи ширкатҳо тасаввуроти манфӣ доранд. Аммо  маъмулан назарҳои манфӣ дар аксар мавридҳо асоснок нестанд.  Фурӯшандагони мустақим бо пешниҳоди фоида ва шуғли иловагӣ барои эҳтиёҷмандон, ҳамчунин таҷриба дар тавоноӣ барои пешрафт ва фурӯши молҳо, доштани имконоти шуҳрати комил ва мустақил, ки ба онҳо писанд аст, дар тиҷорат ва соҳибкорӣ нақши ҳаётан муҳим доранд”.

Радиои "Имрӯз" зимни чанд барноме, ки моҳи равон пахш кард, фаъолияти ширкати QNET – ро ба чолиш кашида, минҷумла мустақим ҳукм кард, ки ин ширкат “пирамидаи молиявӣ” аст.

Аммо Тим Гарни мегӯяд, ин иттиҳом комилан нодуруст аст ва зикр мекунад, ки ин барномаҳо якҷониба таҳия шудаанд, зеро дар барнома “ҳамаи даъвоҳои воқеии намояндагони мустақил шунида нашуданд ва ҳатто кормандони ширкат даъват нагардиданд”. 

Мавсуф дар фарқияти ширкатҳои расмии тиҷорати шабакавӣ аз пирамидаҳои молиявӣ менависад, ки “дар аввалӣ сиёсат, равиши ширкат навишта шудааст ва ҳар намояндаи шабакавиро уҳдадор мекунад, ки тибқи он амал намояд ва ҳар гуна нақзи қонунҳо ва тавофуқномаҳо, ки намояндагон дар ҷараёни дастрас намудани мақоми тавзеҳкунанда (дистрибютор) шинос мешаванд, аз ҷониби ширкат муҷиби андешидани чораҳои ҷиддӣ дар муносибат ба вайронкунанда мегардад. Вай меафзояд, ширкати  QNET ба дастоварди устувори рушди ҳамешагӣ ва босубот аз роҳи пайравӣ аз фарҳанги роҳандозии соҳибкории муаддабона дар Тоҷикистон бовар мекунад. 

Шикоятҳои мизоҷон аз ширкати QNET чандин сол ба ин сӯ шунида мешаванд ва гоҳо ба расонаҳо низ меафтанд, аз ҷумла, аксарият бар инанд, ки дар ин тиҷорат фирефта шудаанд ва эълом медоранд, ки ин “пирамидаи молиявӣ” аст.

Аммо Тим Гарни менависад: “Мутаассифона, мафҳуми имрӯз баррасишавандаи «пирамидаи молиявӣ» ба суратеву ба шакле баррасӣ мешавад, ки метавонад ба хулосае оварад: ширкатҳое назири QNET, ки бо тиҷорати шабакавӣ ва фурушҳои мустақим машғуланд, чун пирамидаи молиявӣ шинохта шаванд”. 

Вай мегӯяд, фаъолиятҳои ғайриқонунии пирамидаҳои молиявӣ низ ба шеваҳои тиҷорат ва ширкатҳои масъулиятшиносу вазифашинос, ки маҳсулотро бо усули фуруши мустақим мефурӯшанд, зарар мерасонад.

Бинои ба иттилои ширкати QNET, бизнес-модели ин ширкат принсипи ду соҳаи фаъолиятро дар худ ғунҷонидааст - тиҷорати электронӣ ва фурӯшҳои мустақим ва ҳар муштарӣ ҳангоми харидории маҳсулоти QNET имкон хоҳад дошт, то намояндаи мустақил бошад ва ё истеъмолкунандаи оддӣ.  Бино ба қоидаҳои ин ширкат, намояндаи мустақил аз фурӯши маҳсулот ва ё хизматрасонӣ ба ширкаткунандагони барномаи шарикӣ, ки бо тавсияи вай ва ё иштироккунандаи дигар (ба реферали бевоситаи худ) аз узви тими ӯ соҳиби фоидаи комиссионӣ мешавад.  

Тим Гарни мегӯяд, “мехоҳем таваҷҷуҳи шуморо ба яке аз усулҳои асосии бизнес-модели ширкати QNET ҷалб кунем: фоидаи комиссионӣ танҳо дар асоси фурӯши мол ва хизматрасонӣ пардохт карда мешавад, на барои ҷалби одамон”.

Ҳуқуқшиноси аршади ширкати QNET эътимод ба олӣ будани сатҳи касбияти рӯзноманигорони тоҷик карда, хоҳиш мекунад, ки “Меъёрҳои ахлоқи журанлистӣ аз роҳи шунидани нуқтаи назарҳои объективии ҷонибҳо риоя шавад. Чунин меҳисобем, ки набояд мавҷи радио танҳо арзҳои манфиро мавриди пахш қарор диҳад ва ҳамзамон  изҳори назарҳои дигарро қатъ созад, чуноне ин дар барномаи мустақими радиои “Имрӯз” садо медиҳад”.

Ширкати  QNET омодагии худро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавриди ҳимоя аз озодии баён ва гунаҳгорсозии беасоси ширкат чун «пирамидаи молиявӣ» изҳор медорад ва меафзояд, барои ҳамкорӣ бо қонунгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боз аст. 

Дар анҷоми изҳорот ширкати QNET мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии моҳи Рамазон табрик карда, изҳори умедворӣ кардааст, ки ин моҳи муборак метавонад барои ҳамкорӣ ва муносибати нисбатан сулҳхоҳонаву таҳаммулпазир ба якдигар аз роҳи қабули қарори дуруст барои ҳалли муваффақиятҳои дуҷониба дар эҷодиёт ва тиҷорат ҷонибҳоро ба ҳам орад.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати  QNET дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ фаъолият мекунад ва бино ба иттилои расмӣ, бештар аз 2 ҳазор намояндаи мустақил дорад. Аз вижагиҳои фаъолияти ин ширкат фурӯши молҳои хос мебошад, ки ҳич кадомашон маводи ниёзи аввалия нестанд.


Source: http://tojnews.org/izhoroti-rasmii-QNET-dar-borai-barnomaho-ziddi-in-shirkat

Comments (0)

Add comment

Comment

By submitting the comment you agree that your personal data will be processed according to Mynewsdesk's Privacy Policy.